Пешравиҳо
Аз оғози фаъолияти Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ноҳияи Панҷ аввалин бор муассисаи таълимӣ мутахассисони соҳаи тибро омода намуд. Дар соли 2023 63 нафар донишҷӯ дар 4 гурӯҳ бо ихтисоси кори ҳамширагӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 гурўҳи педагогӣ бо тахассуси омўзгори синфҳои ибтидоӣ соҳибкасб гардиданд.
Санҷишу имтиҳонҳои аттестатсияи давлатии хатм тариқи шифоҳӣ гирифта шуда, раисони комиссия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба дониши хатмкунандагон баҳогўзорӣ намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки 2 нафар донишҷўёни ихтисоси кори ҳамширагӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки аз натиҷаи фаъолияти пурсамари омўзгорон шаҳодат медиҳад.
Comments are closed.