Аҳамияти хоҷагии халқӣ ва хусусиятҳои шифобахии лиму
Дар олами растаниҳо растаниҳои, ба монанди ситрусӣ (лиму, афлесун, мандарин, грейпфрут ва дигарон), ки ҳамаи қисмояш фоидаовару истифода шавандро дарёфт намудан бисёр мушкил аст. Барг, навда, гул ва пўсти меваи ситрусиро дар саноатҳои: форматсветӣ, парфюмерӣ ва хўрокворӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Онҳо манбаи асосии равғани эфир мебошанд.Равғаниэфири лимуродар саноати форматсветӣбарои хуштаъм ва хушбўй намудани доруҳо истифода бурда мешавад. Аз таркиби равғани эфир моддаи стирол гирифта мешаванд, ки онро бо маҳлули 1-3% спирт ҳамроҳ намуда, барои табобати касалиҳои гипертоникӣ истифода мебаранд. Шарбати муаттари лимуро барои тоза намудани занг, доғҳои гуногуни асбобҳои хољагӣ ва матою либосвориҳо истифода мебаранд. Меваҳои ситрусиро бо баробари дар ҳолати муаттар истеъмолшаванда буданашон низ дар саноатҳои қаннодӣ ва консервабарорӣ барои тайёр намудани мармалад, конфет, қанд, сукат, мураббо, джем, нўшокиҳои ташнашикан, шарбатҳо, шаробҳои сервитамин, лимонадҳо, сиропҳо, кампотҳо, ликёр, арақ, шарбати муаттари лимуро бо хўрокаҳои пўхтаи гўштӣ, моҳигӣ, сихкабоб (шашлик), ош, шурбо ва ғайраҳо ҳамроҳ намуда истъмол кардамешавад. Меваҳои ситрусӣдорои хусусият-ҳои муҳими шифобахшӣ ва парҳезӣ буда,манбаъи бойтарини витаминҳо ва воситаи муҳимтарини доруворӣҳангоми бемориҳои: авитаминозӣ, гулизиндонак (ангина), фарингитҳо, зуком (грипп), бемориҳои занбуруғӣ, ревматизм, синга, фишор баландии хун, барои тез сабзидани ҷойҳои дар вақти љарроҳӣ бурида ва барои тез сабзондани устухони шикаста истифода бурда мешаванд. Онҳо беҳтарин воситаи мустаҳкам кунандаи системаи иммунии умумии организм хизмат мекунад. Меваҳои ситрусӣ аз рўйи хусусиятҳои парҳезию табобатиашон дар байни растаниҳои мевагиҳо дар ҷои аввал меистанд. Лиму- Citrus limon (L) Burn. Дар таркиби меваи лиму миқдори: қанд 2,06- 6,0%; кислотаҳои органикӣ 5,75 – 6,0 %; кислотаи лиму 0,75%; пектин 0,5%; гликозидҳо, равғани эфир, фитонсидҳо ва аз витаминҳои- А, В, С, Р бой буда, хусусиятҳои баланди парҳезӣ ва муҳими шифобахшу табобати доранд. Меваи лиму дар байни дигар мевагиҳо аз ҳама пурқиматтарин ва шифобахштарин ба шумор меравад. Дар бораи хосиятҳои шифобахшии лиму ҳануз 3000-сол пеш аз милод, дар адабиётҳои қадими халқҳои гуногуни дунё, маълумотҳо дода шудааст. Ёдгориҳои Ҳинд таъкид менамоянд, ки барои умри дуру дарози солим дидан, муҳофизат ва мустаҳкам намудани организм, аз бемориҳои сироятӣ, бояд организми худро барои дар як рўз на кам аз як дона меваи лимуро истеъмол намудан ва ё шарбати аз як дона лиму гирифта шуда нўшидан одат кунонидан лозимаст. Дар асри 4 пеш аз милод Хитойиҳо меваи лимуро «ли-мунг» номидаанд, ки тарљумаи он ба забони тољикӣ меваи шифобахш аст. Дар асри 1 мелодӣОлими Юнони Плинийи Калан қайд намудааст, ки меваи лиму доруи муҳим бар зидди заҳри мор (моргазида) аст. Олим ва мутафакири бузургӣ тољик Абуали ибни Сино дар китоби «Алқонун» шарбати меваи лимуро барои табобати бемориҳои: дилзанӣ (сактаи дил), ба касалиҳои зарпарвин, қайдкунии хўрока, кушодани иштиҳо, тоза кардани доғ ва дамагчаҳои пўсти рўй, шукуфа, сулфа ва пахш намудани ҳиқҳиқак, шарбати ғафсӣ аз меваи лиму гирифташударо барои тоза намудани меъда, равғани аз тухми лиму гирифта шударо барои табобати бемориҳои системаи асаби вайрон шуда. Равғани аз пўсти лиму гирифташуда барои табобати касалии фалаҷ тавсия намудааст». Мувофиқи навиштаҷоти Абурайҳони Беруни меваи лиму фаъолияти кори меъдаро бедор намуда, дилро мустаҳкам менамояд. Мухаммад Ҳусейин Шерозӣ (асри 18), нишон медиҳад, киме ва или мудорои миҷози хунуку хушк буда,барои табобати касалиҳои вобаста ба миҷози гарм ҷигар ва меъда ба монанди зарпарвин, заҳролудшавиии ҷигар ва гастридҳои гипоасиди, лихорадка ва касалиҳои дар вақти вайроншавии таркиби хун, яъне дар вақти касалиҳои сирояткунанда ва еплепсия шифобахш шуморидааст. Муҳаммад Ҳусейин Шерозӣ лимуро барои табобати касалиҳои астма, ангина, дилзанӣ, воситаи зидди заҳр, хусусан дар вақти газидани ҳашаротҳо, инчунин барои бартараф намудани таъсири нўшокиҳои спиртӣ тавсия намудааст. Шарбати лиму пӯсти рўйро тоза намуда, дамакчаҳои онр онест мекунад. Дар вақти дард кардани сар ба руй пўсти меваи лимуи гарм карда шударо молидан –дардисареро, (ки дар нитиҷаи гармии ҳаво ба вуҷуд омадааст) бартараф менамояд. Аммо, лимуро ба бемориҳои ба миҷози хунук тааллуқ дошта, хусусан, сулфа ва дигар касалиҳои шамолхўрда зарар расон шуморидааст. Аз ин рў нуқтаи назари тиббӣ қадим в амуосир мувофиқ нестанд. Дар ҳақиқат ҳангоми истеъмоли лиму дар вақти сулфа, аввал сулфазаниро зиёд ва дар оянда витаминхои А. С. Р, ки дар таркиби меваи лиму бисёр мебошад, камшавии равандҳои шамолхўрдаро таъмин менамояд. Дар вақти истеъмол намудани лиму бо қандчой ва асал ба вуҷуд омадани сулфа ва дигар бемориҳои миҷози хунук доштаро бартараф менамояд. Олими Озорбойҷон Сулаймон Иревонӣ дар асри 15 менависад, килаҳм ва пўсти мева, гул ва барги лиму дилро мустаҳкам менамоянд, иштиҳоро бедор месозанд ва зидди заҳр мебошанд ,ғайр аз ин лиму талхаро тоза менамояд. Бар зидди артемия фоиданок буда, меъдаро мустаҳкам менамояд. Шарбати лиму ташнагиро мешиканад, аз гармии ҳавои нигоҳ медорад, барои табобати лихорадка шифо мебахшад. Нуҳ грамм мағзи аз тухми лиму гирифташуда, ҳангоми заҳролуд шудани организм бо заҳри ҳайвонот истифод абурдан,шифобахш мебошад. Муҳаммд Муъмин соли 1669 дар бораи хусисияти шифобахшии лиму чунин қайд менамояд: «мева ва пўсти лиму барои дил фоиданок буда, меъдаро мустаҳкам менамояд, иштиҳоро беҳтар мегардонад. Ҳангоми сахтшудани талха, берун кардани газҳо, дар вактисихзанӣ (калит) фоиданок буда, зидди заҳри мор мебошад. Дар вақти истифодабарии беруни лиму доғи пўсти рўй, шукуфаро тоза менамояд. Дар қатори он лимуро барои табобати бемориҳои ҳарорати баланд, табларза,касалиҳои шамолхурда, гулузиндонак (ангина), варами гулу ва дигар касалиҳо истифода бурда мешавад.Шарбати лиму мастшавиро боздошта одамро хушёр менамояд. Вале лиму метавонад ба рудаҳо зарар расонад, ҳангоми сулфа натиҷаи манфӣ медиҳад. Ин норасогиҳоро боқандваасалякљояистеъмолкарданилимуислоҳ кардан мумкинаст. Мағзи тухми лимутонусиҳаётии организмро баланд мебардорад. Аз 3 то 6 граммм мағзи лимонро бо оби ҷушомада ва ё бо шарбат нушидан мумки наст». Муҳаммад Юсуф Шервонӣ дар китоби «Тибнома» Соли 1712 чунин менависад: лимудоруиаълотаринаст. Ҳазмкунии хўрокро таъмин менамояд, иштиҳоро баланд мебардорад, бўйи даҳанро барҳам медиҳад. Ғайр аз ин у воситаи аз гарми нигоҳ доранда ва бар зидди ҳарорати баланди бадан мебошад. Мастро тез ҳушёр менамояд талхаро тоза менамояд, қайдкунии хўрока ва шуриданидил (шикам)-робархаммедиҳад. Ин меваҳо дар вақти тапиши баланди дил ва дардисар фоиданок мебошанд.