Муассисаи таълимии "Коллеҷи тиббӣ инноватсионӣ"

Таърихи илми неврология

 

Неврология аз калимаи юнонӣ nevrou-асаб, logos-таълимот, яъне илм дар бораи асабшиносӣ мебошад. Як гуруҳи илмҳои биотиббӣ, ки системаи асабро ҳам дар ҳолати муқарарӣ ва ҳам дар ҳолати патологӣ меомузад. Вай аз пайдоиши бемориҳои узвҳои марказӣ ва периферии системаи асаб, инчунин омухтани механизмҳои ташакули онҳо, нишонаҳо ва усулҳои имконпазири ташхис, табобат ва пешгирӣ нигарон аст.

Неврология ҳамчун илми сохтор ва функсияи системаи асаб, ба назарияи эволютсионӣ ва таҳқиқоти физиологҳои охири асри 19 ибтидои асри 20 асос ёфтааст.

Неврология як илми биотиббӣ мебошад, ки сохтор ва вазифаҳои системаи асабро дар меъёр ва патология, қонунҳои филогенез ва онтогенезии он омухта, усулҳои шинохтан, табобат ва пешгирии бемориҳои онро таҳлил мекунад.

Гуруҳҳои махсуси бемориҳои системаи марказии асабро психиатрия меомузад. Барои рушди неврология дар охири асрҳои 19-20 таҳқиқоти физиологии И М Сеченов ва С Шерингтон аҳамияти калон доштанд. Дастовардҳои неврология дар асри 20 аз инҳо иборатанд: кашфи намунаҳои эволютсионии генетикӣ дар ташакули сохтор ва функсияҳои мағзи сар ;илова кврдани мафҳуми ҳамгироии асабҳо бо маълумот дар бораи сатҳҳои амудии ташкили фаъолияти мағзи сар ва морфофунксионалии онҳо.

Тадқиқот оид ба неврология аз ҷониби федератсияи умумиҷаҳонии неврология ҳамоҳанг карда мешавад. Марказҳои асосии таҳқиқоти дар хориҷа:Институтҳои неврологии Ню-Йорк ва Институти илмии бемориҳои руҳӣ дар ИМА, беморхонаи миллии бемориҳои асаб дар Британияи Кабир ва ғайра, таҳқиқотҳои неврологӣ маҷвлаҳои тиббии умумӣ ва махсусро дар бар мегиранд. Конгреси байналхалқӣ оид ба неврология аз соли 1897 гузаронида шудааст. Асоси назариявии неврология илмҳои биотиббӣ мебошад, ки мавзуъҳои зайлро дарбар мегирад: нейроанатомия, нейрогистология, нейрофизиология, нейрохимия, нейробернетика (принсипҳои ташкил ва фаъолияти шабакаҳои нейронҳо ва асабҳоро омухта, механизмҳои амалияи рафтор, механизмҳои таҳлилӣ ва ғайра).

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.