Муассисаи таълимии "Коллеҷи тиббӣ инноватсионӣ"

Аҳамияти лаппиш ва мавҷҳои механикӣ ба инсон

Лаппиш – ин ҳаракат ё тағйироти дар ҳолати ҳаракати ҷисм, ки бо мурури  замон  такрор  мешавад  ё  ин  ё  он  дараҷаи  такроршавандагӣ дорад.

Мавҷҳо – ин изтиробе  (ё худ тағйири  ҳолати  муҳит ё  майдон), ки дар  фазо  бо  суръати  ниҳоӣ  паҳн  мешавад.

Ин  ду  мафҳум (лаппиш ва мавҷ) дар  вуҷуди   инсон  нақши муҳимро мебозанд. Маҳз тавассути  мавҷҳо инсон  метавонад  аз  муҳит  хабарҳои  гуногунро  дарк  кунад  ва  ҳар  хабарҳои  дар  муҳит  паҳншаванда  ба  саломатии  инсонҳо  таъсири  худро  мерасонад.

Лаппишҳо  ва мавҷҳо дар  амалия  татбиқи  васеъ  доранд. Лаппишҳо  асоси  акустика, оптика,  электротехника  ва  радиотехникаро  ташкил менамоянд.

Мавҷҳои  чандирие,  ки  дар  гӯши  одаму  ҳайвонот  эҳсосоти шунавоӣ  ҳосил мекунанд, мавҷҳои  садо номида мешавад.

Садоҳо  хеле  зиёданд. Масалан: овозҳои одамон, парандагон, раъду  барқ,  асбобҳои  мусиқӣ  садо  ба шумор мераванд. Садо дар фаъолияти одамон нақши муҳимро мебозад. Тавассути садо одамон ҳамдигарро аз ягон ҳодисаҳои нохуш хабардор мекунанд. Бояд инро фаромӯш накард, ки он зуддие, ки гӯши инсон мешунавад, ин масофаи аз 16 Гц то 20 кГц мебошад. Бисёри садоҳо аз сабаби паст буданашон ба гӯши инсон шуниданошаванда мебошанд, Масалан: садоҳои лаппиши зуддиашон пасти аз 5 то 8 Гц қудрати дар одамон ҳисси ба амал овардани ваҳмро ба вуҷуд меоваранд. Дар ин гуна ҳолат инсон садоро намешунавад, аммо аз тарс тайёр аст, ки ба ягон тараф гурезад ва худро баҷо кунад ё ин ки бо дастонаш рӯяшро пӯшонад. Хулоса, садоҳои пасти зуддиашон аз 5 то 8 Гц дар қисми майнаи сари инсон  ҳодисаи резонансро ба вуҷуд меоварад. Маҳз тавассути ҳодисаи резонанс дар одамон нохост  ҳисси тарс ба вуҷуд меояд. Имрӯзҳо садоҳои зуддиашон паст ба фаъолияти руҳии инсон таъсири мусбате мерасонад, ки ин ба косташии ҳолати руҳии одамон оварда мерасонад. Масалан: ҳангоми дар роҳи мошингард ҳаракати мошинҳо, гарчанде, ки аз  муҳаррики онҳо садои мавҷҳои зуддиашон паст ҳосил мешавад, ин гуна садоҳо  дар вуҷуди инсон як тарсу ваҳмро ба вуҷуд меоварад.

Асосан  лаппиш  ва  мавҷҳои  садоӣ  дар  ҳаво  паҳн  мешаванд. Ҷисмҳои  лаппанда дар  ҳаво мавҷро  ҳосил мекунанд. Ин  мавҷ  ба гӯши  одам  расида, пардаи  онро  ба  лаппиш  медарорад.

Садое,  ки  эҳсосоти  форамро  ба  вуҷуд  меорад, садои  мусиқӣ  номида  мешавад.

Ба  садои  мусиқӣ  садои  асбобҳои  мусиқӣ, камертон, ғижжак, дутор, рубоб, доира, най, нақора, карнай, сурнай, пианино ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Мусиқӣ  ба ҳолати  руҳиву ҷисмонии  инсонро  руҳу илҳоми тоза мебахшад.

Файласуфони юнони қадим Пифагор, Арасту, Платон (асри IV то эраи мо) нишон додаанд, ки мусиқӣ ба табобати беморон таъсири мусбат мерасонад.

Таъсири мусиқӣ ба вайроншавии ҳормон дар бадани одам аҳамияти ҷиддӣ дорад. Аз тарафи файласуфон қайд шудааст, ки мусиқӣ метавонад бемориҳои гуногунро табобат намояд.

Демокрит дар яке аз асарҳояш қайд намудааст, ки  таъсири асбобҳои мусикӣ ба инсоният бениҳоят таъсири калон мерасонад. Вай тавсия додааст, ки шунидани асбоби мусиқии флейта барои табобати бемории марговари сироятӣ таъсир мерасонад. Соли 1913 дар Россия бо ташаббуси  В.М. Бехтерев кумитаи  татқиқотии мусиқитерапия таъсис дода шуд. Ба ин кумита шомил шудаанд як қатор табибони шинохтаи рус ва намояндагони олами санъат: С.С. Корсакова, В.М. Бехтерев, И.М. Догеля, И.М. Сеченов, И.Р. Тарханова ва дигарон.

Табибони дармонгоҳи Донишгоҳи Мюнхен дар табобати бемории кӯдаконаи фалаҷ  мусиқатерапияро  истифода мебурданд. Солҳои охир  табибон барои  табобати беморон шунидани асарҳои композиторон Бетховен ва Моцартро ҳамчун барои болидагии руҳ ва  барои табобати бемории решмарази меъда шунидани асарҳои ин шахсони шинохтаро тавсия медиҳанд.

Таъсири асбобҳои мусиқӣ ба узвҳои инсон таъсири бениҳоят калон мерасонад. Масалан: 19 — 23 соат шунидани садои асбоби нақора ба сутунмӯҳра таъсири хуб дорад, гитара ба дил, най ба ҷигар, кларнета ба  талхадон , асбоби гармонь ба рӯдаи ғафс, арфа ба шушҳо, саксофон ба гурдаҳо, пианино ба меъда, сурнай ба ғадуди меъда, ғижжак ба рӯдаи бориқ  ва ғайра.

Хулоса, пайваста шунидани мусиқӣ ба тамоми аъзои узвҳои бадан руҳи илҳоми тоза бахшида инсониятро ба дарозумрӣ оварда мерасонад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.