Муассисаи таълимии "Коллеҷи тиббӣ инноватсионӣ"

Элементи хушк – батарейкаҳо ва сохти онҳо

Зимни таълими фанҳои физика ва химия таваҷҷўҳи хонандагонро бештар кори батарейкаҳо ба худ ҷалб мекунанд. Онҳо савол пешниҳод намуда, мехоҳанд дар бораи сохт ва принсипи кори ин манбаи ҷараён маълумоти мукаммал дошта бошанд. Азбаски дар китобҳои таълимӣдоир ба батарейкаҳо маълумоти кофӣ нест, мехостем доири сохт ва принсипи кори батарейкаҳо маълумоти иловагӣ диҳем.

Элементи хушк, яъне батарейка, ки тарҳи он нишон дода шудааст, манбаи ибтидоии ҷараёни барқ буда, он дар радиоприёмнику магнитофонҳо, соатҳои гуногун, микрокалкуляторҳо, чароғакҳои дастӣ, бозичаҳои ҳархела ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд. Гарчанде истифодаи батарейкаҳо яккарата бошанд њам, бояд қайд кард, ки истифодаи ин мавод аз ҷиҳати экологӣ кулай аст.

Зарфи руҳин, ки батарейкаҳо аз он сохта шудааст, вазифаи анодро иҷро мекунад. Милаи ангиштие, ки бо қабати оксиди манган (IV) ва ангишт пўшонида шудааст, вазифаи катодро иҷро мекунад. Ба сифати электролит хамираи аз хлориди руҳ ва хлориди аммонию об иборатбуда истифода бурда мешавад.

Дар электродҳои элементи хушк чунин нимреаксияҳо ҷараён мегиранд:

Дар анод: Zn (c) → Zn2+(обӣ) +2e—

Дар катод: 2MnO2(c) + 2NH4+(обӣ) +2e—→ Mn2O3(c) + 2NH3(обӣ) +H2O(м)

Муодилаи умумии реаксияҳои химиявии дар батарейкаҳо гузаранда чунин аст:

Zn (c) + 2MnO2(c) + 2NH4+(обӣ) → Zn2+(обӣ) + Mn2O3(c) + 2NH3(обӣ) +H2O(м)

Шиддатнокии ин батарейкаҳо одатан аз 1,25В то 1,50В мебошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.