Муассисаи таълимии "Коллеҷи тиббӣ инноватсионӣ"

Фаъолияти коллеҷ

Бо ташаббуси муассиси коллеҷ доктори илмҳои тиб, профессор Юнусов Исломуддин Айниддинович 26 октябри соли 2018  дар асоси фармони Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ – ноҳияи Панҷ муассисаи таълимӣ таъсис дода шуда, бо тайёр намудани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб ба фаъолият оғоз намуд.

Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ноҳияи Панҷ дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муасиссаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи Коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро ба танзим медароранд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти Коллеҷ дар асоси иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон силсилаи Т-ИФ №0000146, №143, аз 02.11.2020 “Оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ”  ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2020, №0277259 ба роҳ монда шудааст.

Рисунок4
Рисунок5
Рисунок6
Рисунок2
Рисунок7
Рисунок8
Рисунок9
Рисунок4 Рисунок5 Рисунок6 Рисунок2 Рисунок7 Рисунок8 Рисунок9